Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кудакон таҷлил мегардад. Чашн гирифтани  Рузи байналмилалии хифзи кудакон дар Тоҷикистон,  хамасола вохурӣ бо чавонон ва кудакони дорои маъюбият  ифодагари он аст, ки  Сарвари  давлат нисбат ба хаёти кудакону  чавонон бе тавофут набуда, ояндаи кишварро аз хастии онхо дониста аст. Хотирнишон  месозем, ки 1 июн кариб дар хамаи кишварҳои чахон Рузи байналмилалии хифзи кудакон қайд мегиранд. Рузи хифзи кудакон мохи ноябри соли 1949  бо карори ичлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин бор Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кудакон соли 1950 дар 51 мамалакати дунё таҷлил гардид. 

       Бо ташаббуси ТҶ “Хадича” бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кудакон дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии деҳоти Тусиён ва роҳбарияти муассисаи таҳсилоти умумии рақами 12 дар бинои  хонаи маданияти Тусиён чорабинии фарҳангӣ – инклюзивӣ ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 220 нафар кудакон бо волидонашон иштирок карданд. Дар чорабинӣ кудакони имконияташон маҳдуд ,ятимон, синни томактабӣ ва талабагон фаро гирифта шуданд.   

Чорабинӣ бо ороишдиҳо сар шуда, бо барномаҳои :

          қабул, хушомадгуйӣ ва муаррифии меҳмонони хориҷӣ;

          намоиши раксҳои миллатҳои гуногун дар иҷрои кудакон;

          қироати шеъру сурудҳо дар иҷрои кудакони муассисаҳои томактабӣ;

           хондани сурудҳо бо забонҳои гуногун;

           нишон додани саначаҳои ҳаҷвӣ;

           ташкили бозиҳо, намоиши мудҳо ва озмунҳо ба сомон расонида шуд.

       Кудакон бо як дилгармӣ бо барномаҳои ҷолиби диққат дар саҳна фаъолияти баланди эҷодӣ нишон дода , бо суханони ватандустона, инсондустона,аз сулху ҳамонӣ ва меҳру муҳаббати худ нисбат ба ватани азизу маҳбуб ва зебои худ суханронӣ карданд. Дар чорабинӣ намояндагони Ҷамоати деҳоти Тусиён, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фарҳанги Ҷамоат , волидон ва калонсолонниз иштирок намуда , ҳозиринро табрику таъният гуфтанд.

      Дар хотима барои фаъолияти баланди эҷодӣ нишон додани кудакон  ва иштирок кардани кудакони хурдсол дар чорабинӣ, инчунин ғолибони озмунҳо бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд

Раиси ТҶ “Хадича”  Озодбек  Донаёров