30 декабри соли 2019 бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Волидон барои инклюзия» дар толори Ҷамоати Мурғоб чорабинии идона бахшида ба соли нави мелодӣ 2020, барои кудакони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур 41 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо волидонашон  иштирок намудаанд.

            Дар чорабини  раиси ноҳияи Мурғоб аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷошбаев М., Муовини раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабова Ҳ., роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб Мурзаматов А., раиси Ҷамоати Мурғоб Сейитбеков Б., мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоии дар хонаи ноҳияи Мурғоб Кубатбеков Р., ва котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқӣ кудак дар назди МИМҲД-и ноҳияи Мурғоб Газибеков Ч., иштирок доштаанд.

            Барои гузаронидани чорабинии мазкур, аз тарафи ташкилоти Ҷамъиятии «Як Хауз» ноҳияи Мурғоб ва соҳибкори инфиродӣ Акжаров Кубатбек кумак расонида шуд. Раиси ноҳия Ҷошбаев М., кудаконро бо фарорасии соли нав табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳо тащдим кардаанд.

             Дар чорабинии соли нави барои кудакон барномаи фарҳангии консерти  аз тарафи Ҷамоати Мурғоб бо роҳбари Осмонбаев Асилбек пешкаш гардид.