Чорабини бахшида ба рӯзи 3-юми декабр рӯзи  байналмилалии маъюбон  дар ноҳияи Муъминобод.

        Санаи 29-ноябр бахшида ба   3-юми декабр рӯзи байналмилалии маъюбон дар Маркази тавонбахшии “Руҳбахш”, ки дар бинои беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод ба номи Одина Нозимов ҷойгир шудааст,чорабини баргузор гардид.

       Чорабинӣ дар саҳни ҳавлии беморхона бо намоиши расмҳои рассомони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, ҳунарҳои чирадасти кӯдакон,  ба маҳзари намоиш гузошта шуда буд. 

 Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхони Темур, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Табаров Олимҷон, Мудири маркази хизматрасонии иxтимоӣ дар хонаи Мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Табаров Раҷабали, Ташкилоти Ҷамъиятии “Ояндасоз 2014” Ҷалилова Сайрам ва  кӯдакони имконияташон маҳдуд бо волидайнашон инчунин кормандони хизматрасони ичтимоӣ дар хона, ҳамшираҳои шафқат беш аз 465 нафар  дар чорабинӣ иштирок доштанд. Дар чорабини Раиси ноҳияи Муъминобод  Амиршозода Т.Т баромад намуд.Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Табаров Олимҷон дода аз номи худ ва аҳолии ноҳия ба дастгирии ташкилоти байналмилалии “МиссияиШарқ” сипоси худро расонд.

Ҳамин тавр  баъд аз суханрониҳо ба 13 - нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки маъюбияти фалаҷи бачагонаи майнаи сар доранд  бо иштироки Раиси ноҳия, Мудири маориф ва роҳбари Маркази хизматрасонии ичтимоии дар хона  аробачаҳои маъюби ҳадя карда шуданд. Барои болидагардони хотири кӯдакони имконияташон маҳдуд ва иштирокчиён дар чорабинӣ аз тарафи кормандони шуъбаи қасри фарҳангиноҳия Муъминобод консерт намоиш дода  шуд. 

Бо ҷалби Ташкилоти ҷамъиятии  “Ояндасоз 2014”  Ҷалилова Сайрамаз тарафи як соҳибкори хайрхоҳи истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод ба кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд туҳфаҳо ва хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд.