ТҶ "Ояндасоз-2014" фаъолияти лоиҳаи "Якҷояшавии қувваҳо барои мубориза бо Covid-19"-ро дар ноҳияи Муъминобод, бо маблаггузории Институти ҷамъияти кушода "Бунёди мадад" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Дар доираи лоиҳа ба беморхонаи маркази КАТС, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия дастгоҳҳои ҳароратсанҷии фосилавӣ,  пульсоксиметр, маводҳои муҳофизатӣ ва ба 500 оилаҳои камбизоат маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизаткунанда тақсим карда шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳа дар ташкилоту муассисаҳо корҳои дизинфексионӣ низ ба роҳ монда шуд.