Инак, маъракаи навбатӣ бахшида ба тасвим ва татбиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон дар вилояти Хатлон оғоз шуд

Субҳи содиқ ширкаткунандагони маърака дар маркази шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд ва бо таби хушу болида ба маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтари офтобӣ расиданд.

Маъракаи иттилоотӣ аз 22 то 28 уми августи соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Данғара ва Муъминобод доир мегардад. Бояд қайд кард, ки ин маъракаи иттилоотӣ аз соли 2018 инҷониб ҳамасола аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбону волидони кӯдакони маъюб барои пешбурди ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои маъюбон ва Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон фаъолона гузаронида мешавад.

Чорабиниро Саида Иноятова, Роҳбари ТҶ “Иштирок” ҳусни оғоз бахшид:

“Мо бояд ба монеахое, ки мушкилиҳои зиëд ба зиндагии харруза меоваранд ба шахсони маъюбиятдошта беаҳамият набошем. Мусоидат кунем, то, ки монеахо бартараф шаванд. Бо мусоидат дар гирифтани омӯзишу малакахо, бо кор таъмин кардан дастгири кунем. Ман намегӯям, ки ба шахсони маъюбиятдошта бо чашми раҳму дилсӯзӣ нигоҳ кунед. Ё ин, ки ягон кӯмаки молӣ расонед. Онҳо хамчун шахсони бемаъюбият низ эхтиëчот ва талабот барои гирифтани донишҳои нав, малакахои барои хаëти мустаъкил зарурро ниёз доранд. Биеёд якҷоя тариқи ин маъракаи иттилоотӣ барои аз байн бурдани монеахо, сохтани достраивать вам беҳтар сохтани фазои зарурӣ ҳиссагузор бошем”.

Инчунин, дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баромад карданд. Аз мушкилиҳое, ки бо онхо шахсони маъюбиятдошта гуфтанд, пешниҳодҳо карданд ва якҷоя бо ҳозирин ин масъалаҳоро баррасӣ карданд.

Маъракаи иттилоотиро ТҶ “Иштирок”, Фонди Абилис дар Тоҷикистон (Финляндия), Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони БДА-и Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ТҶ-и занони маъюб «Остона», ТҶ «Муваффақ», Ҷамъияти ҷавонони маъюбиятдошта «Дурнамо», ТҶ «Меҳрбахш», Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи волидони кӯдакони маъюбиятдошта, ТҶ "Ҳимояи ҳуқуқҳо ва рушди имкониятҳои ношунавоён ва нобиноёни-ношунаво" ҶТ доир мекунанд.

Акнун давоми ин ҳафта маълумоти дақиқу ҷолибро интизор бошед!